12:21 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Андрей Малахов, архивное фото

Малахов пас аз пӯзишпурсӣ ба сафорати Қирғизистон рафт - акс, навор

© Sputnik / Сергей Пятаков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
403 0 0

Муҷрии барномаи "Прямой эфир" Андрей Малаховро Сафорати Қирғизистон дар Русия ва шаҳрвандони ин кишвар пас аз як барномааш зери интиқоди шадид қарор доданд ва талаб намуданд, ки расман аз онҳо узр пурсад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Андрей Малахов пас аз ин моҷаро аз кулли шаҳрвандони Қирғизистон пузиш пурсид ва изҳор намуд, ки ҳадафи таҳқир ва ё ба иззати нафси касе расиданро надошт.

Зимнан, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он Малахов аз худраваш берун фаромада ба бинои сафорати Қирғизистон дар Русия ворид мешавад.

Хабари ба сафорат омадани Малаховро намояндагони дипломатии ин кишвар низ тасдиқ намуданд. Тимур Саралаев як намояндаи сафорат дар сафҳааш, селфӣ бо Малаховро гузоштааст, ки дар бинои сафорати Қирғизистон аксбардорӣ шудааст.

"Малахов изҳор намудаст, ки ин қазия барои ӯ ҳамчун дарси ибрат буд. Ман бошад дасташро сахт фишурда гуфтам, ки мо қирғизҳо хислати ҷавонмардӣ дорем", - афзудааст Саралаев.

Ёдовар мешавем,ки Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон пас аз пахши барномаи Андрей Малахов вокуниш нишон дода, сафири Русия дар Бишкекро даъват кард.

Ҳарфҳои ноҷое, ки муҷрии барномаи "Прямой эфир" Андрей Малахов зимни барномаи хеш гуфтааст, боиси нигаронии амиқи Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон гардида буд.

Малахов тариқи барномаи "Прямой эфир" расман аз қирғизҳо пузиш пурсид

Дар барномаи Малахов моҷарои садамаи нақлиётӣ, ки тобистони имсол ба айби ронандаи қирғиз рух дода буд ва боиси ҳалокати як мотосиклрон гардид, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни барнома ҳарчанд наздикони муҳоҷири қирғив ва ҳам намояндагони сафорати Қирғизистон дар Русия аз пайвандони марҳум дар робита ба ҳодисаи нохуш изҳори ҳамдардӣ ва пузишпурсӣ намуданд, вале муҷрии барнома бо суханони тунди худ шаҳрвандони Қирғизистонро таҳқир намуд.

Барчаспҳо:
навор, акс, Қирғизистон, сафорат, Андрей Малахов

Мавзӯъҳои асосӣ