18:53 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Паспорта РФ в процессе производства

Гирифтани шаҳрвандӣ боз ҳам осонтар шуд: мақомоти Русия ба қонунгузорӣ тағйирот ворид кард

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1694 0 0

Ҳукумати Русия бораи зудтар ба даст овардани шаҳрвандӣ ба қонуни кишвар тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik.  Ҳукумати Русия қонунеро, ки тибқи он муҳлати баррасии гирифтани шаҳрвандии ин кишвар бо тартиби соддашуда кам карда мешавад, қабул кард, иттилоъ додааст сомонаи расмии ҳукумати Русия.

Бино бар иттилои манбаъ муҳлати баррасии дархост аз 6 то се моҳ кам карда мешавад.

Русия дар як сол ба 268 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ дод

Таъкид шудааст, ки бо қабули қонуни мазкур тартиби гирифтани шаҳрвандӣ дар Русия беҳтар мегардад ва инчунин монеаҳои маъмуриро барои гирифтани шаҳрвандӣ, ба нафаоне ки асоси зиндагии қонуни дар қаламрави Русия доранд, камтар хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни аз тарафи ҳукумат қабул шудааст ва ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ равон карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Русия ба қонун дар бораи гиифтани шаҳрвандӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буд. Тибқи иловаҳои қабли дар гирифтани шаҳрванди чандин сабукиҳо ворид карда шуда буд.  

Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, тағйирот, қонун, шаҳрвандӣ, Ҳукумати Русия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ