07:03 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Учения Центр-2019 в Таджикистане

Шикори нодир: шайхҳои араб ҳамроҳи раисони вилоятҳо 276 парандаро хоҳанд кушт

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1106 0 0

Барои шикори ҳар як дуғдоғ шайхҳои араб 1678 доллари амрикоӣ пардохт хоҳанд кард. Ба шайхҳои араб раисони вилоятҳо кумак мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Чаҳор шайхи араб барои шикори 276 дуғдоғ дар мамнӯгоҳҳои Қазоқистон иҷоза гирифтанд.

Дар ин бора қарори вижаи ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон баромадааст.

Ба шайҳои араб мувофиқи қонуни "Ҳифзи табиат ва истифодаи олами ҳайвонот" дар Қазоқистон, иҷоза дода шудааст, ки аз 10 октябр то 15 ноябр ин парандаи нодирро шикор кунанд.

Ҳамин тавр шайхҳои Амороти Муттаҳиаи Араб, Халифа Бин Зайд Ал Наҳаян, Сурур Бин Муҳаммад, Сайф Бин Муҳаммад ва шайхи Қатар Қосим Бин Ҳамад Бин Халифа Ал Тани иҷоза доранд, дуғдоғи қазоқистониро, ки ба китоби сурхи ин кишвар ворид шудааст, шикор кунанд.

Барои шикори ҳар як дуғдоғ шайхҳои араб 1678 доллари амрикоӣ (116 ҳазор соми қазоқӣ) пардохт хоҳанд кард. Раисони вилоятҳои Алмаато, Ҷамбил, Қизилорд, Мангистау ва Туркистон, ки шикор дар минтақаҳои ин вилоятҳо баргузор мешавад, вазифадор шудаанд, дар ташкили шикор ба шайхҳо кумак кунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон низ дуғдоғ ба рӯйхати ҳайвоноти нодир шомил буда ба китоби сурхи кишвар дохил карда шудааст.

Дар умум дар Тоҷикистон шикори 43 намуд аз оилаи паррандаҳо, аз қабили лаклаки   сафед, лаклаки сиёҳ,  ғози ҳиндӣ,  каргаси сиёҳ, каргаси ҳимолоӣ,   уқоби морхӯр,  уқоби лошахӯр, шоҳин, тазарв, тазарви тоҷикӣ,  зарафшонӣ, туркистонӣ, дуғдоғ ва ҷек мамнуъ буда, онҳо ба китоби сурх шомиланд.

Барчаспҳо:
парандаҳо, силоҳи шикорӣ, шикор

Мавзӯъҳои асосӣ