Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 14 октября
День 14 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи соҳибкорон таҷли мешавад, дар Белорус бошад Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 14 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқӯъ пайваст: дар ҳавои ноустувор дар Байкал киштии "Потапов" ғарқ шуд, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкОзеро Байкал
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Озеро Байкал

Соли 1905 дар Порис Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис дода шуд.

Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ташкил ёфт.

Соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуд.

Рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.

Соли  2012 Президент Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗавершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони "Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор" баргузор гардид.

Соли 2015 дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" -и шаҳри  Душанбе сеюмин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва бандубастшуда — Agrofood-2015 баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр

  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.
  • Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.
  • Дар Белорус- рӯзи Модар.
  • Дар Русия- рӯзи кормандони мамнӯъгоҳҳо.
  • Рӯзи байналмиллалии стандартизатсия.

Рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ғафур Искодарӣ (1953)- публисист.

Лоланиссо Исмоилова (1929-2012) – доктори илми биологӣ, профессор.

Муҳаммадалӣ Кошиф (1825 – 1888) – шоир.

Светлана Муҳаммадова (1952) – доктори илми тиб, профессор.

Насри Бобои Сарфароз (1951)- шоир, нависанда.

Назрӣ Офаридаев (1953)- доктори илми филологӣ, профессор.

Татяна Пахалина (1928-1995)- доктори илми филологӣ.

Уғулхон Тўраева (1953) – актрисаи сирк, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шабнами Сурайё (1981) - сарояндаи эстрадаи тоҷик.

Юрий Харламбев (1921-1989) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Владимир Шарф (1891 – 1964) – устоди мусиқӣ, Ходими шоистаиҳунари Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0