17:13 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Атомная станция, архивное фото

Бритониё ва Чин реактори ҳастаии Арокро дар Эрон навсозӣ мекунанд

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12510

Сафорати Бритониё дар Теҳрон аз сафари тими мутахасисони ҳастаии ин кишвар ба Эрон барои машварат дар бораи бозтароҳии реактори Арок хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории Parstoday, сафорати Бритониё дар Теҳрон дар баёнияе эълом кардааст, ки як тим аз мутахасисони ҳастаӣ ба сарпарастии Робин Гримз мушовири аршади илмии давлати Бритониё вориди Теҳрон шуд то ба ҳамроҳи як тим аз мутахасисони чиннӣ, марҳалаи баъдии навсозии реактори Арокро ба пеш бибаранд.

Дар ин баёния гуфта шудааст, ки ин мутахасисон бо Созмони энержии атомии Эрон дар бораи ҳамкории фаннӣ байналмиллалӣ барои сохтани реактор гуфтугу хоҳанд кард.

Дар идомаи ин баёния гуфта шудааст, ин сафар дар чорччуби БАРҶОМ анҷом шудааст.

Сафари мушовири аршади илмии давлати Бритониё ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад,ки Эрон ба далели бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар анҷоми таъаҳудоти БАРҶОМИИ худ, таъаҳудоти худро дар се марҳала коҳиш додаст.

Боло бурдани дар сади ғанисозии  уранн аз 3. 67 дар сад, афзоиши захираи урани ғанишуда ва тавақуфи тамоми таъаҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсиъа дар БАРҶОМ аз ҷумла иқдомҳои Эрон дар коҳиши таъаҳудоти худ аст.

Барчаспҳо:
навсозӣ, Чин, машварат, Эрон, Теҳрон, Бритониё

Мавзӯъҳои асосӣ