06:59 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Наркотические вещества, архивное фото

Модар бо нашри акси фарзанди нашъамандаш корбарони шабакаи иҷтимоиро шокӣ кард

© Sputnik / Сергей Венявский
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38510

Як шаҳрванди Амрико акси фарзанди худро дар саҳифаи Фейсбукиаш нашр намудаст, ки танҳо дар 7 моҳи гирифторӣ ба нашъамандӣ чӣ хел тағйир ёфтаст. Зери ин акс дар ду рӯз аллакай 30 ҳазор корбар шарҳ гузоштанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik.  Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро акси як шаҳрванди Амрико ба ваҷд гузошт, ки дар бораи фарзанди нашъамандаш нақл намудаст.

Ҷенефер Салфен-Трейси сокини иёлоти Миссури дар саҳифаи Фейсбукии худ акси фарзандашро нашр намуд, ки дар 7 моҳи мубтало шудан ба маводи нашъа, комилан тағйир ёфтаст.

Дар акси аввал Коди Бишопи 26 - сола бисёр ҷавони боқувват неруманд ва солим аст, аммо дар акси баъдӣ аз бардамии ин ҷавон тамоман дараке нест. Аз Бишопи тануманд, танҳо як ҷавони лоғару рангпарида ва пусташ пури захм боқӣ мондаст.

"Чандин ҳафта боз аз Коди хату хабар нест. Бароям бисёр аҷиб аст, ки чаро ӯ ин роҳро интихоб кард, чун оилаи солим, кӯдакони зебо дорад, ки мӯҳтоҷи ӯ ҳастанд", - бо алам навиштааст Салфен- Трейси.

Ин модар бо нашри акси фарзанди нашъамандӣ худ ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудаст, то дастиҷамъона алайҳи ин маризӣ мубориза баранд ва пеши роҳи марги фарзандҳои ҷавонро бигиранд.

Барчаспҳо:
нашъаманд, акс, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ