Ҷамъияти "Сомон" даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар кушторро таҳқиқ мекунад

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамъяти фарҳангии тоҷикон "Сомон" аз пайи таҳқиқи қазияи як шаҳрванди Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳастанд, ки дар одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Феълан намояндагони ҷамъяити "Сомон" саъй доранд, то шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро дақиқ кунанд ва зимнан муайян кунанд, ки оё ӯ дар қатли духтари рус даст дошт ва ё на.

“Ман набераи сафири Тоҷикситонам”: ҳамлаи муҳоҷирон дар Екатеринбург ба варзишкор

Хабаргузории РИА Новости аз қавли роҳбари ҷамъияти мазкур дар шаҳри Екатеринбург Фарух Мирзоев менависад, ки намояндагони ҷамъяит аз пайи таҳқиқ намудани ин қазия ҳастанд.

"Аз қазияи куштори духтари рус аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ВАО огоҳӣ ёфтем. Алъон шахсияти нафари гумонбар барои мо номаълум аст, зеро дар қаламрави Екатеринбург беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд ва мо намедонем, ки ин амали нангинро кадом шаҳрванди Тоҷикистон содир кардааст",  - изҳор намудаст Мирзоев ба хабаргузорӣ.

Зимнан Мирзоев илова намудаст, ки кӯшиши онҳо баҳри вохӯрӣ намудан бо шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон низ натиҷа надод, зеро онҳоро ба далели он, ки ягон пайванди хешутаборӣ надоранд, иҷозати мулоқот надоданд.

Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Накун гуфт: гузориши видеоии ВУД аз куштори 2 нафар ҳангоми хоб дар истироҳатгоҳи Варзоб

Ёдовар мешавем, ки Ксения Каторгин бегоҳи 10 октябр аз дафтари корияш барои мулоқот намудан бо харидори худраваш берун рафта, дигар барнагашт.

Рӯзи сешанбе як гурӯҳи кофтукобӣ, аз дарёфт намудани ҷасади Каторгина хабар доданд ва тибқи маълумоти пешакӣ дар қатли ӯ ду лулӣ ва як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардидаанд.

Гуфта мешавад аз Ксения духтарчаи хурдсолаш ятим монд.

Лентаи хабарҳо
0