Юлдуз Усмонова дар саҳнаҳои бузурги Маскав ва Петербург консерт баргузор мекунад

Обуна шудан
Примадоннаи саҳнаи Узбакистон Юлдуз Усмонова дар бузургтарин толорҳои консертии Маскав ва Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳунарманди саршиноси Узбакистон Юлдуз Усмонова бо сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои бузурги Русия Маскав ва Санкт - Петербург меравад.

Сарояндаи маъруфи Ҷумҳурии Узбакистон Юлдуз Усмонова рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Русия бо консерти бошукӯҳи ҷашнӣ рӯи саҳнаи Crocus City Hall-и Маскав ва рӯзи 14 ноябр дар толори варзишии "Тинкофф арена" ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Публикация от Yulduz Usmonova (@yulduzibragimovnausmonova)

Консерти примадоннаи эстрадаи Узбакистон дар Маскав соати 20:00 оғоз мешавад. Нархи чиптаҳо ба консерти ҳунарманди маъруф аз 2000 рубли русӣ тақрибан (300 сомонӣ то 7000 рубли русӣ тақрибан 1000 сомонӣ қиммат дорад.

Гуфта мешавад, Юлдуз дар ин рӯз барномаи "Men seni sevaman"-ро намоиш медиҳад. 

Ба репертуари Юлдуз Усмонова, беш аз 600 тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо дохил мешаванд.

Беҳтаринҳои онҳо дар консерти дар шаҳри Маскав ва Петербург садо хоҳад дод.

Юлдуз Усмонова бори охир соли 2016 дар Маскав ҳунарнамоӣ карда буд.

Миёни мухлисони тоҷик Юлдуз Усмонова бештар бо суруди “Биё, ҷонам, биё”, матни шоираи тоҷик Офоқ, ки соли 2008-ум эҷод шудааст, маъруф аст.

Ҳамчунин Юлдуз Усмонова суруди дигаре аз ашъори шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ - "Намекунӣ" хонда буд, ки низ хеле шӯҳратёраш кард.

Соли 2009 Юлдуз Усмонова ҳамроҳи маэстро Далер Назаров рӯи саҳнаи Кохи Борбад ҳунарнамоӣ  карда, суруди машҳури ин овозхон - "Чак чаки борони баҳор", - ро сароида буд.

Маврид ба зикр аст, ки Юлдуз Усмонова чанде қабл бо овозхони шинохтаи Тоҷикистон Шабнами Сурайё дар шаҳри Хуҷанд шоу - консерти муштарак баргузор намуданд ва суруди муштарак сабт карданд.

Ин сурудро дар соатҳои аввали нашраш дар саҳифаи Шабнами Сурайё беш аз 15 ҳазор нафар гӯш карданд.

“Tarolla Dalli”: Шабнам сурудаш бо Юлдуз Усмоноваро нашр кард - видео

Юлдуз Усмонова рӯзи 12 декабри соли 1963 дар Марғилони вилояти Фарғонаи Узбакистон ба дунё омадааст.

Ӯ ҳунарманди мардуми Узбакистон, Ҳунарпешаи шоисткаи ТОҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0