01:31 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Президент США Дональд Трамп

"Аҳмақ нашав!": хитоби Трамп ба Эрдуғон дар мавриди қатъи ҳамалот дар Сурия

© AP / Patrick Semansky
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
650 0 0

Раисҷумҳури Амрико бо ирсоли нома ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтааст, ки "аҳмақ нашуда" ба ҳамалот дар Сурия хотима диҳад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико афзудааст, ки ҳарчанд ҷонибдори тахриб нашудани иқтисодиёти Туркия бошад ҳам, вале амалкарди раисҷумҳури он кишвар интихоби дигареро барои ӯ боқӣ намондаст.

Трамп расман аз раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб намудаст, ки ба ҳамалоти низомии кишвараш дар хоки Сурия нуқта гузорад, хабар медиҳад сомонаи CNN.

Бар хабари манбаъ, раисҷумҳури Амрико, бо ҳамин дархост унвонии Эрдуғон нома фиристодаст.

"Биёед, як созишномаи хуберо ба даст орем. Чун шумо намехоҳед дар қатли ҳазорҳо афроди мулкӣ масъул бошад ва ман низ ҷонибдори пош додани иқтисодиёти кишваратон нестам, аз ин рӯ ба ҳамалоти низомӣ дар Сурия хотима гузоред. Ҷавони сангдил ва аҳмақ нашавед", - афзудаст Трамп дар мактубаш.

Манбаъ меафзояд, ки ҳақиқӣ будани номаи Трамп ба Эрдуғонро котиботи Қасри сафед Стефан Гриш низ тасдиқ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз рӯзи 9 октябри соли равон бо амри раисҷумҳури Туркия ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия шурӯъ шуд.

Эрдуғон: Туркия ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон хоҳад буд

Эрдуғон ин амалиётро "Манбаи сулҳ" номида, ҳадафи онро мубориза алайҳи Давлати исломӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ арзёбӣ кард.

Барчаспҳо:
Сурия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ