Маргарита Симонян маротибаи савум модар шуд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкГлавный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян
Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Рӯзноманигори муваффақи рус Маргарита Симонян ва ҳамсари машҳури ӯ Тигран Кеосаян барои бори савум сазовори унвони падариву модарӣ гардиданд, хабар медиҳад Sputnik Арманистон.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян - Sputnik Тоҷикистон
Симонян ба вакилони парлумони Русия пешниҳод кард, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд

Ин ду ҷуфти саршиноси рус соҳиби духтарчаи нозанин шуданд.

Хабари таваллуд кардани Симонянро нахуст муҷрии телевизиони рус Тина Канделакӣ расонаӣ намудаст. Тина аз ин хушбахтӣ дар оилаи дӯсти қаринаш изҳори хушнудӣ намуда афзудааст, ки чанд рӯз боз интизори шунидани ин хабари хуш буд.

"Ман сидқан Маргарита ва Тигранро бо ин хушбахтӣ табрик мекунам. Ин беҳтарин хабар дар субҳи рузи шанбе барои ман буд", - навиштааст Тина дар сафҳаи иҷтимоии худ.

Ин аллакай кӯдаки савум дар оилаи Маргарита Симонян ва Тигран Кеосаян мебошад. Ҳамсари Маргарита, Тигран аз зани аввали худ низ соҳиби як духтар аст.

Аҳли эҷоди Sputnik Тоҷикистон низ сармуҳаррири Ожонси "Россия сегодня"- Маргарита Симонянро сидқан муборакбод мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0