02:18 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Президент Дональд Трамп разговаривает по телефону

Изҳори муҳаббати Доналд Трамп ба халқи рус

© AP / Evan Vucci
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
374 0 0

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар саҳифааш дар Twitter навиштааст, ки халқи русро дӯст медорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба мардуми рус изҳори муҳаббат кард.

"Аҳмақ нашав!": хитоби Трамп ба Эрдуғон дар мавриди қатъи ҳамалот дар Сурия

Ин изҳорот дар паи гунаҳкор шудани баъзе аз сиёсатмадорон аз ҷониби собиқ номзад ба президентӣ - Хиллари Клинтон рух дод. Хиллари Клинтон бархе аз сиёсатмадоронро ҷосусони Русия номид.

Доналд Трамп мушовири амниятиашро барканор кард

Дар посух ба гуфтаҳои Клинтон, Трамп гуфт ӯ девона шудааст.

"Хиллари узви парлумони ИМА, Тулси Габард ва номзади пешин ба президентӣ - Ҷил Стайнро "ҷосусони Русия" номид. Чуноне шумо шунида будед, маро ҳам дӯстдори Русия гуфтанд, (дар воқеъ ман мардуми рус ба ман писанданд)", - навиштааст Трамп дар саҳифааш дар Twitter.

Дар охир президенти ИМА мегӯяд, ӯ ҳамаи мардуми ҷаҳонро дӯст медорад.

Пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2016 Клинтон борҳо Стайнро гунаҳкор карда буд, ки маҳз ин сиёсатмадор боиси президент нашудани ӯ гардид.

Барчаспҳо:
изҳори муҳаббат, рус, Русия, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ