18:56 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Заседание Высшего евразийского экономического совета (ВЕЭС) в широком составе в Ереване

Кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё дар зарфи се сол ба 20 миллиард доллар тиҷорат карданд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон гуфт, аз замони эҷоди иттиҳодияи тиҷорати мутақобил бо кишварҳои узв, то поёни соли гузашта, 27 дарсад афзоиш доштааст

ДУШАНБЕ, 25окт — Sputnik. Сеюмин даври конфронси тоҷирони олмонӣ ба мизбонии Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бохит Султонов, вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон зимни суханонӣ дар ин конфронс гуфт, аз замони эҷоди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2015, тиҷорати мутақобил бо кишварҳои узви ин иттиҳодия то поёни соли гузашта, 27 дарсад афзоиш ва 20 миллиард доллар баровард шудааст.

Вай афзуд, аз ҷумла содирот дар ин муддат 27 дарсад ва воридот ҳамчунин ба ҳамин ҳаҷм рушд доштааст.

Султонов бо ишора ба ду ҷанбаи муҳимми ҷиҳатгирии содиротӣ ва тамаркуз бар бозори 180 миллионии Иттиҳоди иқтисоди Евразия, гуфт, фурсатҳои ҷадиде имрӯз фароҳам шуда ва ман аз тоҷирони Олмон мехоҳам, ки дар Қазоқистон дар бахши маҳсулоти содирот сармоягузорӣ кунанд.

Вай дар идома омодагии худро барои мусоидат бо тоҷирони олмонӣ дар ин замина эълом кард.

Намояндагони тоҷирони Олмон низ алоқамандии худ барои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ва Иттиҳоди иқтисодии Авросёро таъйид карданд.

Вероника Никишина, узви ҳайати тиҷории Комиссияи иқтисодии Авросиё таъкид кард, ки дарҳои иттиҳодияи мазкур барои ҳамкории мутақобили тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҳамаи тарафҳо боз аст.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир тавофуқот дар заминаи эҷоди манотиқи озоди иқтисодӣ бо Эрон, Ветнам ва Сингапур ва тавофуқномаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Чин ба имзо расидааст.

Никишина афзуд, ҳамчунин қарор аст, бо Сербистон тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди иқтисодӣ ба имзо бирасад.

Вай гуфт, ҳамзамон музокирот дар заминаи эҷоди минтақаи озоди иқтисодӣ бо кишварҳои Миср ва Ҳинд дар дасти баррасӣ аст.

Барчаспҳо:
афзоиш, тиҷорат, Иттиҳоди АвруОсиё, АвруОсиё, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ