15:20 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Президент РФ Владимир Путин

Путин гуфт маоши худро бо раисҷумҳури Миср тақсим мекунад - навор

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
918 0 0

Раисҷумҳури Русия зимни ҳамоише дар Сочи ҳазлгӯён изҳор намуд, ки маоши худро бо ҳамтои мисрии худ Абдулло Фаттоҳ ас-Сиси тақсим мекунад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия барои кумакрасониҳои раисҷумҳури Миср Абдулло Фаттоҳ ас- Сиси ба ӯ изҳори сипос намудаст.

Раисҷумҳурони Русия ва Миср дар ҳошияи ҳамоиши "Русия - Африко" дар шаҳри Сочи ширкат варзида буданд. Ин ҳамоиш аз 23 то 24 октябри соли равон дар Сочи ҷараён дошт.

Шӯхии Путин дар бораи Саддом Ҳусейн ва яроқи ҳастаӣ - видео

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо изҳори сипосгузорӣ ба ҳамтои мисрии худ таъкид намуд, ки Фбдулло Фаттоҳ ас - Сиси дар кори баргузории ин ҳамоиш ба ӯ кумаки зиёд расондааст.

"Тавре дида истодаад, давоми ҳамоиши мазкур раисҷумҳури Миср дар бари ман аст ва дар рафти кори ҳамоиш ба ман кумак мерасонад. Маҷбурам маоши худро бо ӯ тақсим намоям", - ҳазлгӯёна изҳор намудаст Путин.

Зимнан Абдулло Фаттоҳ ас-Сиси дар ҷавоб ба ҳазли раисҷумҳури Русия танҳо табассум намуду бас.

Барчаспҳо:
навор, Миср, раисҷумҳур, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ