07:00 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Президент США Дональд Трамп

Доналд Трамп: ман медонам роҳбари нави гурӯҳи террористии ДОИШ кист

© AP / Patrick Semansky
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
454 0 0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, аз таъйини роҳбари нави гурӯҳи террористии ДОИШ хабар додрад. Вай таъкид кардааст, ки Амрико медонад ӯ кист

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон намудааст, ки гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Русия) роҳбари навро интихоб кардааст.

Вай дар ин бора дар як паёмаке дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Амрико дар бораи интихоби роҳбари нави ДОИШ хабар доранд ва медонанд,  ӯ кист.

“ДОИШ роҳбари нав интихоб кардааст, мо дақиқи медонем ӯ кист” – навиштааст Доналд Трамп дар Твиттер.

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 27 октябри соли равон эълон намуда буд, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ дар як амалиёти хоссаи нирӯҳои амрикоӣ нобуд карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи Amaq, ки ба гурӯҳи террористии ДОИШ алоқамандӣ дорад марги роҳбари ДОИШ-ро тасдиқ кард. Инчунин гурӯҳи террористии ДОИш эълон кард, ки зимни ин амалиёт Абу ал-Ҳасан ал-Муҳоҷира, ки ёрдамчии ал-Бағдодӣ будааст кушта шудааст.

Намояндаи Пентагони Амрико ҳатто зимни як нишасти матбуотӣ наворӣ амалиёти нобудсозии роҳбари террористонро интишор кард.

Барчаспҳо:
эълон, роҳбар, ДОИШ, Доналд Трамп, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ