06:11 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Додгоҳ Макгрегорро барои мушт задани мӯйсафед 1 ҳазор евро ҷарима баст

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Ҳодисаи мазкур ҳанӯз моҳи апрел замоне рух дод, ки Макгрегор аснои ворид шудан дар як қаҳвахона, ҳамаи муштариёнро бо вискии истеҳсоли худӣ меҳмондорӣ кард . Чун як муйсафед аз нӯшидани виски худдорӣ кард, Макгрегор ӯро мушт зад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Додгоҳи Дублин ахиран размикори ирландӣ Конор Макгрегорро барои мушт задани як мӯйсафед ҷарима баст, хабар медиҳад Irish Mirror.

Ҳодисаи мушт задани мӯйсафед аз ҷониби Конор ҳанӯз 6 - апрели соли равон рух дода буд, вале бо гузашти чанд моҳ он расонаӣ шуд.

Он замон Макгрегор ба яке аз тарабхонаҳои Дублин  даромада, ҳамаи меҳмононро бо вискии истеҳсоли худӣ меҳмондорӣ кард. Вале як марди солхӯрда аз нӯшидани шароб худдорӣ кард ва Макгрегор ӯро мушт зад.

Макгрегор ба Русия мекӯчад?: ӯ гуфт тамринро дар Маскав идома медиҳад

Зимнан,  ин ҳодиса наворгирӣ шуда ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.  Сипас размикори ирландӣ барои ин амалкарди худ изҳори пушаймонӣ намуда, аз марди солхӯрда пузиш пурсид.

Ҳамин тавр мурофиа дар Додгоҳи Дублин рӯзи ҷумъаи гузашта баргузор шуд. Додрас қарор кард, ки Макгрегорро ба маблағи 1000 евро ҷарима кунад ва ӯ бори дигар гуноҳи худро эътироф кард.

"Ман хато кардам ва боз мехостам аз ҷабрдида ва додгоҳ узр пурсам. Ман ҳамаро бовар мекунонам, ки минбаъд ҳодисаи ба ин монанд такрор нахоҳад шуд", - изҳор доштаст Макгрегор дар мурофиаи додгоҳӣ.

Вакили мудофеи Конор Макгрегор низ афзудааст, ки ҳимояшавандаи ӯ ҳатман ба ҷабрдида мублағи муқараршударо пардохт мекунад.

Барчаспҳо:
ҷарима, додгоҳ, Макгрегор

Мавзӯъҳои асосӣ