14:06 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Дмитрий Медведев, архивное фото

Дмитрий Медведев мардуми Русияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 созмон дода шудааст, ки он замон фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз интервентҳои Полша озод карда буданд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия мардуми кишварашро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард.

“Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!” – навиштааст роҳбари ҳукумати Русия дар саҳифаи иҷтимоии “Вконтакте”.

Бояд қайд кард, ки имрӯз бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар пойтахти Русия фестивал баргузор мегардад . Дар ин рӯз тамоми майдонҳои шаҳри Маскав барои таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ омодагӣ гирифта шудааст. Сокинон ва меҳмонони пойтахтро барномаҳои дар Боғҳои Бауман, Лионозовский ва Горкий барномаҳои рангоранг интизор аст.

Дар боғҳои Соколники ва Измайлово барои меҳмонону сокинон барномаҳои консертӣ омода карда шудааст.

Ёдарс мешавем, ки Рӯзи 4 ноябри соли равон дар Русия ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳои мухталифи Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 созмон дода шудааст, ки он замон фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз интервентҳои Полша озод карда буданд.

Барчаспҳо:
рӯйдод, табрик, Дмитрий Медведев, Маскав, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ