22:26 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Виталий Кличко, архивное фото

Ба Кличко 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад

© Sputnik / Максим Блинов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
456 0 0

Дар сурати тасдиқ шудани гуноҳи сиёсатмадори украинӣ Виталий Кличко, ӯро 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Идораи миллии зидди фасоди Украина шаҳрдори Киев Виталий Кличкоро дар хиёнат ба давлат гумонбар медонад, хабар медиҳад  SputnikLive дар Telegram. 

"Агар гуноҳи Кличко исбот шавад, ӯро 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст". - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки шӯрои вакилони шаҳрии Киев, Кличкоро дар суиистифода аз мансаб ва пулшӯии давлат муттаҳам кардаанд. Тибқи аризаи шикоятии вакилони шаҳрӣ, Кличко маблағе, ки барои бозсозии пули Шулявский ҷудо  шуда буд, азони худ намудаст.

Вакилони шаҳрӣ бар ин боваранд, ки шаҳрдор ва маъмурони шаҳрӣ ва инчунин кормандони Дирексияи сохтмони иншооти нақлиётии Киев,  миқдори маблағҳои буҷетиро барои барқарорсозии пул аз ҳад зиёд ҳисоб кардаанд.

Гузашта аз ин,  Кличко дар чандин ҷиноятҳои коррупсионӣ муттаҳам дониста мешавад.

Леонид Пасечник: Зеленский метавонад дар Украина раисҷумҳури умеду орзуҳо боқӣ бимонад

Қобили зикр аст, ки Виталий Кличко сар аз 5 - уми  июни соли 2014, раиси шаҳри Киев интихоб гардида, ҳамзамон  аз 25 - уми  июни соли 2014 дар маснади  роҳбари маъмурияти шаҳр ифои вазифа мекунад.

Барчаспҳо:
таҳдид, зиндон, шаҳрдор, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ