22:28 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Ҳамзамон бо оғози давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Кувайт, шумори алоқамандон ба фарогирии забони дувуми ҷаҳони ислом афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Намояндагии фарҳангии сафорати Эрон дар Кувайт эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳони араб бахши забони форсӣ доранд ва муштаракоти фарҳангии ду кишвари ҳамсоя ва исломии Эрон ва Кувуейт иҷоб мекунад, ин бахш ҳар чи сареътар дар тамоми донишоҳҳои Кувейт доир шавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday" .

Тадриси забони форсӣ дар Кувейт собиқаи 50-сола дорад ва ҳар сол шумори форсиомӯзон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Илова бар дарсҳои донишгоҳ, бисёре аз марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ, монанди муҷтамаъҳои омӯзишӣ дар манотиқи пурҷамъияти Кувейт дарсҳо барои тадриси забони форсӣ баргузор мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки моҳи июли соли равон баргузор шуд,  гуфта буд, ки Тоҷикистон зарурат аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надорад.

Вай гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки ба хатти форсӣ баргадад.

“Мо ҳеҷ гоҳ нияти аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надоштем. Мо зарураташро ҳам намебинем”, - таъкид кард Нуриддин Саид.

Инчунин, вай илова кард, ки дар мактабҳои миёна Тоҷикистон барои хонандаҳои синфҳои 7-8 омӯзиши алифбои ниёгон роҳандозӣ шудааст.

“Мо дар синфҳои 7-8 алифбои ниёгона дарс медиҳем. Вазорат ҳамчунин китобҳоро низ чоп карда, пурра дастраси хонандаҳо кардааст”, - қайд намуд вазир.  

Ӯ гуфт дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон зарурат барои баргаштан ба хатти форсӣ вуҷуд надорад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин зикр намуд, ки масъулини вазорат аз мақомоти олии кишвар дар ин бора супорише ҳам нагирифтааст ва ҳамчунин супориш ҳам нест.

Барчаспҳо:
афзоиш, ислом, хатти форсӣ, хати форсӣ, забони форсӣ, Кувайт

Мавзӯъҳои асосӣ