10:04 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Подсчет голосов на выборах в Афганистане

Омодагии СММ барои ҳали буҳрони интихобот дар Афғонистон

© AP / Rahmat Gul
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Дафтари сиёсии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон рӯзи душанбе эълом кард, ки омодааст то барои ҳалли буҳрони интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳамкорӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дафтари сиёсии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, Комиссияи интихобот дар робита бо мудирияти шумориши оро ва натоиҷи интихобот бо мушкилоти печидае мувоҷеҳ шуда ва ин ниҳод омодаи ироаи машваратҳои фаннӣ барои ҳалли ин муъзал аст.

Муъзали интихоботи Афғонистон ин ҳафта замоне оғоз шуд, ки Комиссияи интихобот дастури бозшумории ду ҳазору 118 маҳаллро бидуни тавофуқи шуморе аз ситодҳои интихоботӣ аз ҷумла «Тими субот ва ҳамгароӣ» ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ оғоз кард.

Абдуллоҳ рӯзи якшанбе дар гирдиҳамоӣ дар Кобул хостори таваққуфи фаврии бозшумории оро шуд ва ҳушдор дод, ки агар ба хоста вай ҷавоби рад дода шавад, иқдоми баъдиро анҷом хоҳад дод.

Бо ин вуҷуд, бозшумории оро идома дорад ва бар ҳамин асос расонаҳо ва бархе огоҳони сиёсӣ дар бораи бурузи як буҳрон ҳушдор додаанд.

Интихоботи раёсатҷумҳуири Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд, аммо натиҷаи он ба далели мушкилоти зиёди Комиссияи интихобот токунун эълом нашудааст.

Қарор аст, натиҷаи аввалияи ин интихобот то се рӯзи дигар эълом шавад, аммо бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки бори дигар эъломи натиҷаи интихобот ба таъвиқ хоҳад афтод.

Барчаспҳо:
буҳрон, Интихоботи раёсатҷумҳурӣ, интихобот, Афғонистон, Созмони Милали Муттаҳид, СММ

Мавзӯъҳои асосӣ