04:14 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74550

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони lV рӯзи 11 ноябр дар ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ ширкат кард

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Қасри Елисей аз Аълоҳазрат Оқохони lV гарм истиқбол кард.

Барои истиқболи Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони lV саҳни ҳавлии Қасри Елисей идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.

Дар баробари Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оқохони IV ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форум Дабири кули СММ Антониу Гутерриш, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла президентҳои Эстония, Камерун, ҶАҶ, Чад, Конго, Нигер, Мали, Сербия, Косово, Албания,  сарвазирони Арманистон, Белгия, канслери Австрия, муовини раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Коммиссияи Урупо ва дигарон ширкат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар форуми мазкур наздики 6 ҳазор  меҳмонон дар  60 ҳайат, аз ҷумла 30 нафар намояндагони баландпояи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳам меоянд.
Дар муқобили мушкилоти тартиботи ҷаҳонӣ ва дар шароите, ки ҳамкории бисёрҷониба зери суол қарор мегирад, Форуми сулҳи Порис тамоми иштирокдорони манфиатдорро ба ҳам оварда, пешбурди лоиҳаҳоро таъмин  менамояд ва  ташаббусҳои нав пешниҳод мекунад.
Форум ҳамчун як майдони мубоҳисаи байналмилалии сатҳи баланд таъсис ёфтааст, ки дар он муколамаи мустақим оид ба масъалаҳои муҳими ташаннуҷи байналмилалӣ сурат мегирад.

Имсол форум ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, амнияти киберӣ ва сифати идоракунии давлатӣ бахшида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Урупо қарор дорад, бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард ва масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд”-ро баррасӣ намуд.

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Ҳамчунин, дирӯз дар дар доираи ширкат дар чорабиниҳои ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ ҳамчунин, суҳбати Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Фаронса  Эммануэл Макрон доир гардид.

Суҳбати сеҷониба дар Фаронса: Эммануэл Макрон ва Антониу Гуттериш ба Раҳмон чӣ гуфтанд?

Ҷамоати исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин тариқат дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Порис, Фаронса, Оқохони IV, Эммануэл Макрон

Мавзӯъҳои асосӣ