06:40 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Андрей Кошкин

“Ситезаи ҷиддӣ”. Роҳбарони ИМА ва Туркия хостори “ҳали масоили” С-400 шудаанд

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Президентҳои ИМА ва Туркия Доналд Трамп ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон хостори суҳбат атрофи техникаи ҳарбии С-400 шудаанд. Ин масъала барои Трамп хело муҳим арзёби мегардад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Чанде пеш аз Русия ба Туркия техникаи ҳарбии С-400 бурда буданд, ки ин ба гуфтаи сиёсатшиноси соҳаи низомӣ Андрей Кошкин Трампро безобита кардааст.

Аз ҷониби Туркия ба даст овардани техникаҳои ҳарбии навъи С-400 ба муносибатҳои Амрико бо Туркия таъсири худро мерасонад, гуфтааст роҳбари Амрико, Доналд Трамп дар нишасти матбуотии дуҷониба бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

Вобаста ба ин роҳбарони кишварҳо ба хулосае омадаанд, ки масоили вобаста ба С-400 баррасӣ хоҳанд кард.

“Мо ба таври ҳамешагӣ ин масъаларо баррасӣ мекунем, имрӯз баррасӣ кардем ва боз баррасӣ хоҳем кард”, - таъкид кард Трамп.

Роҳбари ИМА илова кардааст, ки ӯ бо Эрдуғон дар якҷоягӣ аз Вазирони умури хориҷа ва мушовирони амниятии ҳарду кишвар хоҳиш кардем, ки дар ҳол барои кори худро оиди иҷозаи фаъолияти техникаҳои С-400 шуруъ кунанд.

Чихеле, ки сиёсатшиноси ҳарбӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов, Александр Кошкин ба хабаргузории Sputnik гуфтааст харидории техникаҳои ҳарбии С-400-и русӣ аз ҷонибӣ Туркия Амрикоро ба ситеза овардааст.

“Харидории С-400-ҳои русӣ аз ҷониби Туркия Амрикоро ба таҳлука андохтааст. Артиши Туркия миёни кишварҳои НАТО дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин кор метавонад ишора ба он бошад, ки Туркия ба Амрико итоат накардаистодааст. Барои ҳамин Трамп кӯшиш мекунад ҳамаи методҳои лозимаро ба кор барад, пеш аз ҳама тарсонидан ба воситаи таҳримҳо”, - гуфт Кошкин.

Созишнома миёни Анқара бо Русия оид ба харидории техникаҳои ҳарбии С-400 ин мушкилиҳо дар муносибатҳои Амрико бо Анкараро ба бор меорад.

Ҷониби Амрико ба Туркия пешниҳод карда буданд, ки аз харидории С-400 русӣ даст кашад ва аз техникаи ҳарбии амрикоии навъи Patriot харидори намояд.

Ҳамчунин ҷониби Амрико ба Туркия таҳдид карда буд, ки агар аз харидории техникаҳои русӣ даст накашад, фурӯши “истребител”-ҳои F-35 ба ӯ манъ карда мешаванд ва нисбаташ таҳримҳо баста хоҳанд шуд. Аммо Туркия то ҳол аз тасмимаш даст накашидааст.

Барчаспҳо:
Эрдуғон, Трамп, Амрико, Туркия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ