Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад

Обуна шудан
Дар Эрон барои боло бурдани нархи сӯзишворӣ тазоҳуроте ба миён омад, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар натиҷаи бархурди оммаи тазоҳургарон бо кормандони пулис якчанд кас ба ҳалокат расидаанд

Дар Эрон аз сабаби баланд шудани нархи сӯзишворӣ тазоҳурлоти ба омал омад. Чанде пеш ҳукумати кишвар нархи сӯзишвориро ду баробар боло бурда, системаи хариди сӯзишвории бо нархи имтиёзнокро сангин карданд.

Барои мотосиклҳо дар як моҳ 25 литр бензин муайян шудааст, барои мошинҳо бошад дар як моҳ то 60 литр.  

 Задухурди тазоҳургарон бо кормандони пулис дар садҳои шаҳру маҳали Эрон ба амал омадаанд. Ҳодиса кушта ва маҷруҳҳо боқӣ гузошт: ВУХ Русия даст доштани қувваҳои беруна дар ин тазоҳуроти Эронро истисно нкамекунад.  

Ба гуфтаи Кабулов Замир, Мудири депортаменти дуюми Осиёи ВУХ ФР “Дар он ҷо вазъ худ мушкил буд: боло бурдани нарх ба сӯзишворӣ албатта ба оташ равған пошидан буд. Аммо қувваҳои беруна низ фаъолона амалҳои худро анҷом дода истодаанд”

Дар Эрон низ ба даст доштани сохтакорон дар тазоҳурот ишора кардаанд.

“Ҳукумати Эрон ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки касе моро бо тазоҳурот ва халал ба амният таҳдид кунад. Аммо тазоҳурот кори шахсии ҳар як фард аст, онҳо метавонанд ббаҳам оянд, танқид кунанд, ин ҳақи онҳост”, - гуфтааст Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон.

Тазоҳуроти мардуми Эронро Кохи сафеди Амрико дастгирӣ намуда, онро баромад бар “муқобили режими” номидаанд.  

“ИМА мардуми Эронро ҳангоми эътирози маданӣ бар муқобили “режим”-е, ки онҳоро роҳбарӣ дорад, дастгирӣ мекунад. Мо дар бораи воситаҳои марговаре, ки бар муқобили мардум раво дида шудаанд ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ хоҳем гуфт”, - омадааст дар иттилоия.   

Чанде пеш Амрико бар зидди Эрон таҳрим эълон карда буд, ки мувофиқи он фуруӯши нафти Эрон ба дигар кишварҳо манъ шудааст.

Маҳз таҳримҳои Амрико Эронро водор намуданд, ки нархи сӯзишвориро баланд бардорад.

Агар Амрико равған рехтанро ба оташи тазоҳуроти мардуми Эрон давом диҳад имкони пайдо шудани боз як минтақаи ноором дар Ховари Миёна ҷо дорад.

Лентаи хабарҳо
0