00:26 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Зампред комитета Госдумы по обороне Юрий Швыткин

Юрий Швиткин: нақшаҳои НАТО дар кайҳон дунёвайронкунанда мебошанд

РИА Новости / Александр Паниотов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Паймони Атлантикаи шимолӣ ва ё НАТО фазои кайҳонро яке аз соҳаҳои корӣ худ эълон кардааст, ки ин ба гуфтаи мутахасисон бар зарари ыомеа ыащонь мебошад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Масъулини НАТО нақша доранд эълон кунанд, ки кайҳон соҳаи омӯзиш ва корӣ онҳост. Дар бораи ин иқдоми НАТО ба хабаргузории Sputnik ҷойниши роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба мудофиа, Юрий Швиткин гуфтааст.

Котиби кулли  НАТО Йенс Столтенберг мақсади ин ниҳодро шарҳ дода таъкид кардааст Паймони Атлантикаи шимолӣ фазои кайҳонро яке аз соҳаҳои корӣ худ эълон хоҳад кард.

Баёния дар ин бора ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Брюсел пеш аз мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои мудофеи кишварҳои аъзои НАТО садо додааст.

Рафти ин баромад дар шабакаи иҷтимоии Twitter дастраси омма гардидааст.

Ба гуфтаи роҳбари НАТО эътироф кардани фазои кайҳонро соҳаи оперативӣ ба рушди системаи алоқа ва навигатсия тақвият мебахшад. Дар ин ҳол вай илова кардааст, ки ҷогузин кардани яроқи ҳуҷумкунанда дар кайҳон номумкин аст.

Аммо Юрий Швиткин дар мусоҳиба ба хабаргузории Sputnik ин гуфтаҳои ӯро инкор кардааст.

“Гуфтаҳои Столтенберг баёнгари беэҳтиромии ӯ нисбати дигар кишварҳо менамояд. Худи НАТО, ҳамчун ташкилоти низомӣ ҳарбикунонии кайҳонро тахмин мекунад ва ҳамаи ин кӯшишҳо аз ҷониби он дида мешаванд. Ба фикри ман ин ба вайрон кардани нобудсозии ҷаҳонӣ оварда мерасонад”, -  тавзеҳ дод Швиткин.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки Русия вобаста ба ин чораҳои зарурӣ меандешавд ва намегузорад, ки кайҳон аз ҷониби НАТО ба фазои ҳарбикунонидашуда оварда расонида шавад.

Дар авалҳои моҳи ноябр президенти Фаронса, Эммануэл Макрон дар мусоҳиба ба маҷаллаи Economist гуфта буд, ки Паймони Атлантикаи шимолӣ қувваи аввалаашро аз даст додааст ва алакай “майнааш хароб шудааст”.

Аммо гуфтаҳои Макронро нисбати НАТО Йенс Столтенберг ҳамчунин канслер Олмон Ангела Меркел танқид карда буданд.

Барчаспҳо:
Эммануэл Макрон, Меркел, Фаронса, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ