Таҳдиди ИМА ба Туркия барои харидории С-400 аз Русия

Обуна шудан
ИМА ба Туркия пешниҳод кардааст, ки ракетаҳои зинетии С-400 русиро “баргардонад, нобуд кунад ва ё аз онҳо халос шавад”. Оё Туркия хоҳиши Амрикоро иҷро мекунад, ё не вақт нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Туркия бояд аз ракетаҳои зинетии С-400, ки чанде пеш аз Русия харида буд бояд халос шавад, гуфт намояндаи баландмақоми депортаменти давлатии ИМА.

Трамп ва Эрдуғон барои С-400 русӣ ҷанҷол намекунанд  - Sputnik Тоҷикистон
Трамп ва Эрдуғон барои С-400 русӣ ҷанҷол намекунанд - навор

“Харидории С-400 ин нодуруст аст, чунки онҳо метавонанд хатарҳои таҳримбандиро зиёд кунанд. Дуруст аст, ки мувофиқи қонуни CAATSA вақту соати таҳрим муаян нашудааст. Метавон дар бораи таҳримҳо ба Туркия ва вазнинии онҳо гуф навъҳои онҳо беохир ҳарф зад”, - РИА Новости овардааст ҳарфҳои иттилоияро.

“Туркия метавонад дар ин бора фикр кунад ва сари мизи гуфтушунидҳо нишинад. Онҳо медонанд барои оне, ки ҳамааш хуб шавад бояд аз мушакҳои зенитии С-400 халос шаванд, баргардонанд ё ягон хел карда нобуд кунанд. Ҳамзамон мо ҳамаи имкониятҳои Туркияро маҳдуд накардаем ва онҳо метавонанд аз мушаки монанд ба С-400 Русия Патриоти амрикоӣ харидорӣ намоянд”, - гуфтааст мақомдори давлатӣ.

Рабочая поездка президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Трамп, Зеленский ва С-400: Путин дар анҷоми саммити БРИКС аз чӣ гуфт

Чанде пеш президенти Амрико, Доналд Трамп ҳангоми сафари ҳамтои туркияш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Вашингтон умед ба ҳали масоили С-400 карда буд.

Ба гуфтаи академики Академияи илмҳои мушакию артилерии Русия (РАРАН), ноиби президенти Академияи илмҳои мушакию артилерии Русия, Константин Сивков Амрико бо чунин фишороварияш метавонад Туркияро аз даст диҳад.

“Туркия мехоҳад системаи техникаҳои низомияшро тағйир диҳад, то ки аз Амрико вобастагӣ надошта бошад. Худи Туркия силоҳ истеҳсол намекунгад. Танкҳои немисие, ки дар қувваҳои мусаллаҳи ӯ дар истифодааанд алакай куҳна шудаанд ва навъҳои навашро ба даст оварда натавониста истодаанд. Туркҳо ба пурагӣ на ба НАТО ва на ба Аврупо боварӣ доранд, барои ҳамин маҷбуран системаи ҳарбияшонро нав кунанд. Шояд ин бо фишорҳои Амрико ба Туркия ва аз баромадани туркҳо аз НАТО хотима ёбад”, - гуфт Сивков.

Андрей Кошкин - Sputnik Тоҷикистон
“Ситезаи ҷиддӣ”. Роҳбарони ИМА ва Туркия хостори “ҳали масоили” С-400 шудаанд

Новобаста аз ҳама бояд гуфт, ки чӣ НАТО ва чӣ Амрико мехоҳанд бо Туркияҳамкорӣ кунанд, чунки аз нигоҳо ҷуғрофӣ ин кишвар бисёр мувофиқ маскун гирифтааст.

“Туркия ба Амрико ниёз надорад, баракс Амрико ба Туркия ниёз дорад. Туркия метавонад қувваҳои Амрикоро аз Инжирлик пеш кунад ва ҳатто аз НАТО хориҷ шавад. Дар ин ҳолат НАТО метавонад самти ҷанубашро аз даст диҳад ва ҳамкориҳои низом-сиёсии Амрико рафта ба соҳилҳои Изроил мерасанд. Дар ин ҳол Русия метавонад Туркияро бо силоҳ таъмин кунад. Амрико бештар роҳи таҳдидро пеш мегирад, нисбат ба баргузории музокирот. Туркия бошад кишваре нест, ки аз ин ҳарос дошта бошад”, - илова кард Константин Сивков.

Ёдовар мешавем, ки харидории С-400-и русӣ дар моҳи октябр аз ҷониби Туркия хашми Амрикоро зиёд кардааст ва ҳоло ИМА туркҳоро бо таҳрим тарс дода истодааст.  

Лентаи хабарҳо
0