СММ: дар Афғонистон дар соли 2019 беш аз 370 ҳазор нафар овора шудааст

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкАфганистан
Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид шумори оворагони ҷанг дар Афғонистон дар соли 2019-ро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Идораи ҳамоҳангии кӯмакҳои башардӯстонаи СММ дар як баёнияе эълом кард, аз оғози имсол то моҳи октябр, 375 ҳазору 800 нафар ба иллати ҷанг дар Афғонистон овора шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Подсчет голосов на выборах в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии СММ барои ҳали буҳрони интихобот дар Афғонистон

Таҳаррукоти гурӯҳҳои ифротӣ ва амалиёти низомиёни ишғолгари хориҷӣ, аз ҷумлаи иллатҳои идомаи оворагии мардуми Афғонистон аст.

Оворагии мардуми Афғонистон ба иллати ҷанг дар ҳоле аст, ки ихтилофот бар сари натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ хатари ташдиди буҳрон дар ин кишварро афзоиш додааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дирӯз дар бораи буҳронӣ шудани авзои ин кишвар ҳушдор дод.

Дар Афғонистон чанд сол аст, ки мухолифат миёни ҷунбиши Толибон ва ҳукумат ин кишвар идома дорад. Пештар ҷангҷӯён чандин минтақаҳои камаҳолии  Афғонистонро тасарруф намуда, ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар оғоз намуданд.

Нируҳои амниятии Афғонистон дар тамоми қаламрави кишвар амалиётҳои махсус бар зидди терроризм анҷом медиҳанд. Аз ҷумла зимни як амалиёте, ки 13 ноябри соли равон анҷом ёфт беш аз 300 ДОИШ-и, ки миёни онҳо зану кӯдакон низ буданд, ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд.

Лентаи хабарҳо
0