2020 – соли раёсати Тоҷикистон дар “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”

© © Sputnik / Амир ИсаевФлаги Турции и Таджикистана
Флаги Турции и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Туркия хабар додааст, ки раёсати худро дар “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон вогузор мекунад. Ин раёсатро Туркия соли 2017 аз Озарбойҷон гирифтааст ва Тоҷикистон дар соли 2020 онро бар ӯҳда хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Ин нуктаро Довуд Човушӯғлу, вазири корҳои хориҷаи Туркия дар конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” баён дошт. Ин нишаст бо мизбонии Туркия дар шаҳри Истамбул – пойтахти иқтисодии он кишвар 8 ва 9 декабр баргузор шуд.

Дар ин нишаст раисҷумҳурони Туркияву Афғонистон – Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунанда, ҳайатҳои пуштибон ва созмонҳои минтақаиву байнулмилалии пуштибони ин раванд иштирок карданд.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон: Туркия ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон хоҳад буд

 Мавзӯи нишасти имсол зери номи “Сулҳ, мушорикат, рифоҳ» баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ кард. Тоҷикистон қарори худро барои раёсат ва мизбонии нишасти вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” дар соли 2020 моҳи июли соли равон дар Анқара эълон карда буд.

“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ду раёсат дорад, ки яке доимӣ буда, ба Афғонистон тааллуқ дорад. Раёсати дуввум раёсати маштарак аст, ки ҳар сол яке аз кишварҳои узв довталабона онро ба даст меорад ва дар ҳамоҳангии ин раванд ҳамкорӣ мекунад.

“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” (HoA-IP) 2 ноябри 2011 дар Истамбули Туркия барои пардохтан ба чолишҳову манофеъи муштараки Афғонистону ҳамсоягон ва шарикони минтақаӣ таъсис ёфт ва дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии узв баргузор мешавад.

Ба иддаои дастандаркорон, ин раванд як бистар ё платформа барои ҳамкориҳои минтақаии самимона ва натиҷагароро фароҳам мекунад. Ҳадаф шинохтани ин воқеият аст, ки як Афғонистони амну босубот барои равнақи ҳамкориҳои минтақаӣ минҳайси марказ ё “қалби Осиё” ҳаётӣ мебошад.

То ин замон Туркия (2011, 2018 – 2019), Афғонистон (2012), Қазоқистон (2013), Чин (2014), Покистон (2015), Ҳинд (2016) ва Озарбойҷон (2017) мизбони конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” будаанд. Тоҷикистон соли 2020 онро мизбонӣ хоҳад кард.

Флаги Турции и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Туркия ба Тоҷикистон 200 миллион доллар додааст

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон, дар рӯзи нахусти нишасти вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул» аз ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Ардуғон, минҳайси мубтакири раванд ва кишварҳои мизбони ҷаласоти қаблӣ изҳори сипос карда, аз Тоҷикистон ба хотири тавофуқ барои мизбонии ҷаласаи баъдӣ ташаккур гуфт.

“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” аз сӯи 15 кишвари ширкаткунанда (Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон), 17 кишвар пуштибон (Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финляндия, Олмон, Ироқ, Италия, Ҷопон, Норвегия, Полша, Испания, Шветсия, Инглистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америко) ва 12 созмони минтақаӣ ва байнуламиллӣ (Бонки рушди Осиё (ADB), Шабакаи рушди Оғохон (AKDN), Ҳамкории минтақаи иқтисодии Осиёи Марказӣ/ Бонки рушди Осиё (CAREC), Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё (CICA), Созмонҳои паймони амнияти ҷамъӣ (CSTO), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Иттиҳодияи Аврупо (EU), Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (NATO), Созмони ҳамкориҳои исломӣ (OIC), Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (OSCE), Анҷумани ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ (SAARC), Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой (SCO), Идораи кӯмакҳои СММ барои Афғонистон (UNAMA)) пуштибонӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0