11:45 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
368 0 0

Сароянда Рианна дар зинаи 61-уми ин рейтинг қарор гирифтааст. Ҷои 66-умро дар сархат овозхони поп Бейонсе ишғол намудааст ва ҳамкасби ӯ Тейлор Свифт дар мақоми 71-ум қарор дорад

ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Мувофиқи рӯйхати нашрнамудаи маҷаллаи Forbes, Бейонсе, Рианна ва Тейлор Свифт ба садгонаи беҳтарини занони бонуфузтарини ҷаҳон дар соли 2019 шомил гардиданд.

Сароянда Рианна дар зинаи 61-уми ин рейтинг қарор гирифтааст. Ҷои 66-умро дар сархат овозхони поп Бейонсе ишғол намудааст ва ҳамкасби ӯ Тейлор Свифт дар мақоми 71-ум қарор дорад.

Зинаи баландтарини рейтингро дар миёни намояндагони шоу-бизнес ровии телевизион Опра Уинфрӣ гирифтааст. Ӯ дар ҷои 20-ум мебошад. Ғайр аз ин, ба рейтинги занони бонуфуз коргардон — Ава ДюВерней (ҷои 79) ва ҳунарпеша Риз Уизерспун (ҷои 90) дохил шуданд.

Бойтар: Алишер Усмонов дар сархати рейтинги Forbes

Дар ҷамъбасти соли сипаришаванда, зинаи назаррасро арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори Олмон Ангела Маркел сазовор гардид. Ба сегонаи асосӣ, инчунин президенти Бонки Марказии Аврупо Кристин Лагард ва 52-юмин сухангӯи Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нэнсӣ Пелосӣ ворид шудаанд.

Барчаспҳо:
100 зани бонуфуз, "Forbes"

Мавзӯъҳои асосӣ