01:30 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Новобаста аз таҳдидҳо тариқи таҳрим коршиносони рус бар онанд, ки кори лӯлаи гази "Северний поток — 2" боз монда намешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Лӯлаи гази "Северний поток — 2" новобаста аз таҳримот ба итмом мерасад, гуфт вазири энергетика Александр Новак дар мусоҳиба бо РБК.

"Масофаи камтар аз 160 километр қубур бояд кашада шавад", - ба ёд овард ӯ.

Ҳамзамон, вазир қайд кард, ки дар бораи ин гуфтан хеле барвақт аст, ки Allseas Швейтсария қисми корашро ба итмом расонида наметавонад, вай мунтазири шарҳи таҳримҳо аз хазинаи ИМА аст.

Рӯзи 20 декабр президенти ИМА Доналд Трамп буҷети мудофиа барои соли 2020-ро имзо кард, ки дар он, аз ҷумла, таҳримот алайҳи лӯлаҳои гази "Северний поток — 2" ва "Туретский поток" пешбинӣ шудааст.

ИМА аз ширкатҳои пудратчӣ талаб кард, ки сохтмонро фавран қатъ кунанд. Allseas, ки фаъолияташро атрофи "Северний поток — 2" қатъ кардааст.

Барчаспҳо:
газ, Олмон, Аврупо, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ