21:30 16 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.77
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1021 0 0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп наздики 700 низомии амрикоиро ба Кувайт сафарбар намуда, азм дорад боз беш аз 3 ҳазор сарбози дигарро озими ин давлат намояд

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико таҳдид намуд, ки дар сурати ҳамла ба амрикоиҳо ва ё амволи онҳо дар ин кишвар ба 52 иншооту коргоҳи Эрон, аз ҷумла маркази фарҳангӣ ҳамла меорад.

Зимнан, Доналд Трамп тавзеҳ додаст, ки ҳамла ба 52 иншооту коргоҳ ифодагари 52 гаравгоне, ки мақомоти Эрон чандин сол қабл боздошт намуда буданд.

"Мо тасмим гирифтем, ки ба 52 иншооти барои Эрон бисёр муҳим ҳамла намоем. Амрико дигар таҳдидҳоро намехоҳад", - навиштааст раисҷумҳури Амрико дар сафҳаи худ дар Твиттер.

Трамп ҳамчунин Эронро барои нияти интиқом гирифтан барои қатли Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон  интиқод кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Associated Press менаисад, ки Амрико аллакай чандин низомии худро ба Кувайт сафарбар намудаст.

Манобеъ аз қавли сухангӯи расмии дивизияи 82-юми Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида подполковник Майк Бернс хабар медиҳад, ки  тақрибан ҳафтсад сарбози дивизия аллакай ба Ховари Миёна сафарбар гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.

Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми Амрико хондаанд. 

Мавзӯъҳои асосӣ