07:40 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
573 0 0

Дар Ҳиндустон занеро ба маросими дафн, ки одатан дар кишвар мурдасӯзист, омода мекарданд. Ӯ ногаҳон ба ҳуш омад ва наздикону иштирокдорони маросимро ҳам хурсанд карду ҳам тарсонид

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Расонаҳои Ҳиндустон аз воқеаи аҷибе дар кишвар хабар медиҳанд. Бино бар иттилои манбеъ, занеро наздиконаш мурда пиндошта, ба маросими видоъ бо ӯ омодагӣ медиданд, аммо ӯ ба ҳуш омад.

Малати Чаугули зани солхӯрдае будааст, ки ба бемористони шаҳри Белгауми Ҳиндустон дар ҳолати бемадорӣ ва табъи баланд бистарӣ шудааст.

Дар шӯъбаи эҳё зан аз ҳуш рафтаву пизишкон кӯшиш кардаанд, ки Чаугулиро ба ҳуш оранд, аммо натиҷае ба даст наомадааст. Табибон хулоса кардаанд, ки зани пиронсол ҳалок шудааст.

Дар бемористон ҷасади занро ба назиконашон супоридаанд. Онҳо ба маросими мурдасӯзонӣ омодагӣ медиданд. Дар ҳамин ҳол, Малати ба ҳуш омада, чашмонашро кушода аз ҷой бархостааст.

Пизишкон хулосаи ҳампешагонашонро дар бораи марги зан иштибоҳ номидаанд, бархеи дигарон ҳодисаро мӯъҷиза мегӯянд.

Мавзӯъҳои асосӣ