08:58 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
272 0 0

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, амрикоиҳо ба иқдомоти ғалат поён диҳанд, аммо агар иқдоми дигаре зидди манофеи Эрон анҷом диҳанд, бо аксуламали шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Агар амрикоиҳо иқдоми дигаре зидди манофеи Эрон анҷом диҳанд, бо аксуламали шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд, гуфтааст Ҳасани Рӯҳонӣ, раиҷумҳури Эрон.

Тавре "Парс тудэй" гузориш медиҳад, Рӯҳонӣ дар тамоси телефонии Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ бо баёни ин ки решаи бисёре аз масоили хатарнок дар минтақа аз таҳрими ғайриқонунии Амрико сарчашма мегирад, гуфт, умедворем ҳамаи кишварҳои дӯст бо мавзеъгирии муносиби худ дар бораи ин иқдоми ғайриқонунӣ, Амрикоро водор кунанд ба қонун баргардад.

Эрон суқути Боинги Украинаро бар асари зарбаи мушакӣ рад кард

"Раиси ҷумҳурии Эрон мавзеъгирии кишварҳо дар бораи террори шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймониро бисёр муҳим донист ва таъкид кард, бояд ба амрикоиҳо фаҳмонда шавад, ки ҷаҳон намепазирад онҳо иқдомоти ҷинояткорона анҷом диҳанд", - менависад манбаъ.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки сардор сипаҳбуд Сулаймонӣ дар солҳои ахир ба таври мудовим бо гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ба вижа ДИИШ мубориза кард, афзуд, ҷинояти террори сипаҳбуд Сулаймонӣ мардуми Эронро дар баробари кишварҳои мутаҷовиз якпорчатар ва мунсаҷимтар кард.

Раиси ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ зимни тасалияти шаҳодати сардор сипаҳбуд Сулаймонӣ ба давлат ва мардуми Эрон, ин террорро буздилона хонд ва гуфт, аз шунидани хабари шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ, ки дар миёни мардум бисёр маҳбуб буд, шука шуда ва ин иқдом шадидан маҳкум аст.

Ёдрас мешавем, Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди ҷумъаи гузашта (севуми январи 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои  амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ