13:48 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Манобеи хабарии Афғонистон аз ба таъхир уфтодани замони имзои тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон, ки қарор буд, ин ҳафта ба имзо расад, хабар доданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Саид Акбароқо, раиси Шӯрои олии роҳи наҷоти Афғонистон ва яке аз манобеи наздик ба гурӯҳи Толибон эълом кардааст, ки Толибон омодаи имзои тавофуқномаи сулҳ ҳастанд, аммо амрикоиҳо дар рӯзҳои ахир таваҷҷуҳе ба ин мавзӯъ надоранд.

 Раиси Шӯрои олии роҳи наҷоти Афғонистон афзуд, дар шароити кунунӣ амрикоиҳо ба мавзӯоти Ховари Миёна ва Эрон таваҷҷуҳи бештаре доранд ва ба имзои тавофуқномаи сулҳ фикр намекунанд.

Ба гуфтаи вай, замони имзои тавофуқномаи сулҳи байни Амрико ва Толибон мумкин аст, се ҳафта ба таъвиқ афтода бошад.

Саид  Акбароқо мегӯяд, то замоне ки танишҳо дар минтақа коҳиш наёбад, тавофуқномаи сулҳ низ имзо нахоҳад шуд, зеро кишварҳои тарафдори Эрон, ки қарор буд, ба унвони нозир дар маросими имзои тавофуқнома ҳузур ёбанд, ҳозир нахоҳанд шуд.

Даври ҷадиди гуфтугӯҳои Амрико ва Толибон аз ҳудуди се моҳ пеш оғоз шуд ва ҳам инак даври дувуми ин гуфтугӯҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
ба таъхир уфтод, таъхир, Амрико, имзо, тавофуқнома, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ