07:45 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
100501

Шамсаил Саралиев вакили Думаи давлатии Русия аз минтақаи Чеченистон омили муваққатан аз вазифа рафтани Рамазон Қодировро ба бемории ӯ рабт дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вакили чечен Шамсаил Саралиев мегӯяд, раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров бинобар мариз шудан, ба рухсатӣ баромадаст.

"Баъзан, оддитарин маризӣ аз қабили шамолхӯрӣ ва ё гирифтор шудан ба зуком, роҳбари ин манотиқро маҷбур мекунад, то муваққатан аз вазифа канор равад ва ба муолиҷаи худ машғул шавад", - навиштааст Саралиев дар Telegram.

Ба гуфтаи вай, ин чораи маҷбурӣ ва ҳамзамон муваққатӣ мебошад, ки комилан ба меъёрҳои қонунгузории кишвар мувофиқат мекунад.

"Механизме вуҷуд дорад, ки дар сурати бемории роҳбари минтақа, ҳуҷҷати вижае таҳия карда мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷат, раиси ҳукумат ҳуқуқ дорад, дар сурати мариз будани раисҷумҳур, муваққатан зимоми роҳбариро ба дасти худ бигирад", - афзудаст вакил.

Рамазон Қодиров бо як назар блогерро нокаут кард - видео

Зимнан, Саралиев таъкид намуд, ки вазъ дар Чеченистон мисли пештара зери назорати худи Қодиров қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон эълон намуд, ки муваққатан аз иҷрои вазифа даст мекашад ва роҳбарии ин минтақаро ба дӯши Хучиев Муслим роҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон вогузоштаст.

Барчаспҳо:
Чеченистон, маризӣ, Рамазон Қодиров

Мавзӯъҳои асосӣ