14:16 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
305 0 0

Михаил Мишустин акнун ҷойгузини Дмитрий Медведев собиқ сарвазири Русия мешавад. Думаи давлатии Русия аллакай номзадии ӯро ба ин маснад тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар раъйдиҳии кушоди Думаи Русия ба номзадии Мишустин нафаре раъйи муқобил надода, 383 вакил ӯро арзандаи курсии сарвазири Русия донистанд.

Зимнан, 41 вакил аз овоздиҳӣ комилан даст кашиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Пеш аз расмиёт, ҳизби  "Русияи воҳид" якдилона номзадии Мишустинро ҷонибдорӣ карданд ва ҳамзамон намояндагони ҳизби "Русияи одил" низ тасмим гирифтанд, ба ҷонибдорӣ аз ӯ раъй диҳанд.

Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский, аксари вакилони ин ҳизб номзадии Мишустинро дастгирӣ мекунанд, вале вакилони Ҳизби коммунист якдилона аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Кӯча мерӯфтаму 120 рубл маош мегирифтам: тарҷумаи ҳоли Дмитрий Медведев

Манбаъ меафзояд, Михаил Мишустин барои дастгирӣ аз номзадии ӯ ба вакилони аҳзоби сиёсии Русия изҳори миннатдорӣ намудаст.

Ёдовар мешавем, ки номзадии Михаил Мишустинро раисҷумҳури Русия Владимир Путин пас аз истеъфо додани Дмитрий Медведев бо ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарияш, пешниҳод кард.

Сарвазири тозатаъини Русия кист?

Михаил Мишустин 3 марти соли 1966 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи мошинсозӣ дар Маскавро хатм кардааст.

Вай бори аввал ба хизмати давлатӣ соли 1998, вақте муовини сардори Хадамоти давлатии андоз таъин шуда буд, омадааст. Аз соли 1999 то 2004 дар вазифаи муовини вазир оид ба андозҳо ва пардохтҳо кор кард ва сипас Роҳбари Агентии федеролии кадастри амволи ғайриманқул таъин шуд.

Дар солҳои 2007-2008, Мишустин роҳбарии Агентии федералии идоракунии минтақаҳои махсуси иқтисодиро ба зимма дошт.

Дар моҳи марти соли 2008, вай президенти гурӯҳи ширкатҳои UFG таъин шуд, ки ба идоракунии дороиҳо, сармоягузории мустақим ва фондҳои муштарак машғул буданд.

Сарвазири тозатаъини Русия доктори илмҳои иқтисодӣ буда, бо ордени "Хизмат ба Ватан" дараҷаи IV ва ордени Шараф мукофотонида шудааст.

Барчаспҳо:
Русия, сарвазир

Мавзӯъҳои асосӣ