13:17 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Фармондеҳии марказии Амрико шумораи низомиёни ҷабрдидаи кишварро дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ эълон кард

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳои низомии Амрико дар Ироқ 11 низомӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар додааст Фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM).

Бин бар иттилои манбаъ, муоинаи пешакӣ муайян кардааст, ки майнаи сари ҳарбиёни амрикоӣ зарб хӯрдааст.

 Онҳо ба беморхонаҳои Қувайт ва Олмон интиқол дода шудаанд.

"Ҳарбиён пас аз табобати пурра ва омода шудан ба хизмати низомӣ ба Ироқ бармегарданд", - гуфтааст Билл Эрбан, нмояндаи CENTCOM.
Глава политического совета движения Талибан , архивное фото
© Sputnik / Владимир Астапкович

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки як пойгоҳи низомии дигари Амрико дар Ироқ мушакборон шуд.

Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷи дар шимоли Бағдод, ки дар он қӯшунҳои амрикоӣ ҷой дода шудаанд, таҳти ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Тавре низомиёни Ироқ хабар додаанд, пойгоҳ бо силоҳи "Катюша" тирборон шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи ҳамла нафаре аз низомиёни амрикоӣ зарар надидаанд.

Эрон зад?: боз як ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Амрико

Феълан кишваре ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Ёдрас мешавем, таниш байни Амрико ва Эрон аз аввали соли равон идома меёбад. Аммо пас аз куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ муносибатҳои ду кишвар муташанниҷ гашт. Эрон эълом кард, ки аз ИМА сахт қасд хоҳад гирифт ва чанд пойгоҳи Амрикоро ҳадафи ҳамалот қарор дод.

Доналд Трамп дар посух гуфт, ки ҳамлаи навбатии Эрон ба шаҳрвандони Амрико "посухи тез ва қавӣ" хоҳад гирифт. 

Мавзӯъҳои асосӣ