00:36 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи натиҷаҳои фаъолияти дипломатияи Русия дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор намуд

Ба гуфтаи Лавров, барои Русия чун анъана баланд бардоштани ҳамкорӣ бо шарикон дар фазои Авросиё афзалиятноктарин мебошад.  

"Пеш аз ҳама, дар доираи СААД, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё. Ман муваффақиятҳоро дар самти ҳамгироии Авруосиё, аз ҷумла тавсеаи равобити берунаи ИИАС қайд мекунам ва бо Сингапур ва Сербия шартномаи тиҷорати озод ба имзо расидааст", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти дипломатияи Русия дар соли 2019.

Дипломат ёдовар шуд, ки соли гузашта созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ИИАО ва Чин ва созишномаҳои муваққатӣ бо Эрон ба кор оғоз карданд.

Лавров афзуд, ки ҳоло Русия бо Исроил ва Миср фаъолона музокирот мекунад ва то имрӯз тасмим гирифта шудааст, ки муколама бо Ҳиндустон оғоз шавад.

"Ҳамаи ин амалҳо бо ибтикори Президенти Русия Владимир Путин оид ба ташкили шарики бузурги Авруосиё, ки барои ҳамаи кишварҳои қитъаи муштараки мо кушода аст, рабт доранд", - хулоса кард ӯ.

Барчаспҳо:
нишасти матбуотӣ, Москва, Лавров, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ