Forbes исми сарватмандтарин фарди ҷаҳонро эълон кард: дороии ӯ 117 миллиард доллар аст

© AFP / NICHOLAS KAMMБернар Арно
Бернар Арно - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷаллаи Forbes имсол дар сархати феҳрасти доромандтарин фарди ҷаҳон соҳибкори фаронсавӣ Бернард Арноро қарор дод

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Маҷаллаи Forbes рейтинги нави сарватмандони ҷаҳонро нашр кард. Дар ду соли ахир тибқи натиҷагирии маҷаллаи мазкур, бори аввал исми сарватманди сол тағйир меёбад.

Обложка Forbes. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Forbes номи сарватмандтарин ашхоси ҷаҳонро эълом кард

Ба гузориши маҷаллаи Forbes, имсол сарватмандтарин фарди ҷаҳон раҳбари холдинг соҳибкори фаронсавӣ, президенти ширкатҳои Louis Vuitton Moët Hennessy Bernard Arnault Бернард Арно интихоб шуд.

Зимнан, ин соҳибкори фаронсавӣ дар рейтинги ҷаҳонӣ, аз рӯи индекси Bloomberg Billionaires дар ҷои дуюм қарор дорад.

Бойтар: Алишер Усмонов дар сархати рейтинги Forbes

Бернард Арно, давоми чандин сол тибқи рейтинги Forbes яке аз сарватмандтаринҳои Фаронса ба ҳисоб мерафт.

Солҳои 2011-2012, соҳибкор дар феҳристи сарватмандтарин одамони ҷаҳон ба зинаи 4 баромад. Аммо дар соли 2013, Арно ба зинаи охири даҳгонаи аввал баргашт.

Дар солҳои 2014-2016, Арно ба даҳгонаи доромандтаринҳои Forbes шомил шуд. Соли 2017, тибқи маълумоти Forbes, соҳибкор танҳо дар зинаи 11 қарор дошт.

Даргузашти бойтарин зани Русия, саҳмиядори S7, дар суқути ҳавопаймо

Имсол Арно ҷои аввалро гирифт. Тибқи маълумоти Forbes, дороиҳои соҳибкор 117 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Дар ҳоле, ки дороии Амазон Ҷефф Безос сарватмандтарин фарди ҷаҳон дар ду соли ахир ба 115,6 миллиард доллар баробар аст.

Дар рейтинги Forbes мақоми саввум ба муассиси Microsoft Билл Гейтс дода шуд. Ӯ 110,6 миллиард доллар дорад.

Лентаи хабарҳо
0