10:05 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
369 0 0

Хадамоти вижаи Ироқ аз боздошт шудани яке аз раҳбарони бахши амнияти ДОИШ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Яке аз раҳбарони гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ боздошт шудааст, хабар медиҳад Саридораи мубориза бар зидди терроризми Ироқ.

Бино ба гуфти манбаъ, раҳбари боздоштшуда амнияти дохилии гурӯҳро дар Фаллуҷа таъмин мекардааст.

Ин амалиёти боздошт пас аз дастгир шудани террористон дар Ал-Халди баргузор шудааст.

Президент қатли марзбонҳои тоҷикро кори “ДОИШ” хонд

Маълумоти дар паи бозпурсӣ ба даст омада, барои дарёфти дигар аъзоёни гурӯҳ кумак кард.

Мақомоти вижаи Ироқ дар давоми моҳи январ чандин аъзоёни гурӯҳи тундрави Давлати Исломиро боздошт карданд.

Сокини Спитамент, ки дар Сурия дар сафи ҷангиёни ДОИШ ҷангид ба 15 соли ҳабс маҳкум шуд

Моҳи декабри соли 2019 намояндаи Ожонси мубориза бар зидди терроризм Саббоҳ ал-Нумон қайд кард, ки ДОИШ ба амнияти дохилии кишвар таҳдид намекунад.

Барчаспҳо:
раҳбар, ДОИШ, боздошт, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ