09:15 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои ширкат дар ҷаласа оид ба ҳалли вазъияти Либия ба Берлин сафар кард

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба хотири ширкат дар самиит оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Либия ба пойтахти Олмон шаҳри Берлин сафар кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино ба маълумоти пешакӣ, кишвардори Русия пеш аз саммит бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидор хоҳад кард.

Эрдуғон нигарон аст, ки СММ мушкилиҳои олами мусалмониро ҳал намекунад

Тибқи иттилои намояндагони Вазорати хориҷаи Русия, бастаи ҳуҷҷатҳо барои ҳалли вазъият дар Ливия аллакай барои гузоштани имзо, омода аст.

Тарҳи ҳалли низоъ шаш масъала, аз ҷумла хотима бахшидан ба ҷанги низомӣ, риояи эмбаргои силоҳ ва ислоҳот дар соҳаи амниятро дар бар мегирад.

Дар ин форум дар баробари ҷонибҳои низоъ ва раҳбарони Русияву Туркия, канслери Олмон Ангела Меркел, президенти Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси, котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва намояндагони дигар кишварҳо ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
мулоқот, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Владимир Путин, Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ