01:57 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Бо фаъолияти 40-солаи худ, овозхони машҳури эронитабор Андӣ Мададён дар кӯи номдорони Ҳолливуд, соҳиби ситораи тиллоӣ гардид

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Анди Мададиён, овозхони шинохтаи Шарқ, нахустин ҳунарманди эронӣ шуд, ки номашро дар кӯи номдорони Ҳолливуд бо хатти заррин навиштаанд.

Андӣ дар синни 63-солагиаш ва дар давоми 40-соли фаъолият дар шоу-бизнес, дар гузарии шӯҳрати Ҳолливуд ситора гирифт.

Дар ин бора овозхон дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

Зимни гирифтани ҷоиза Андӣ гуфт, барои мардуми Эрон, Амрико ва Арманистон месарояд.

"Сипос аз Палатаи савдои Ҳолливуд ва гузари шӯҳрати Ҳолливуд барои чунин шараф. Ман то охири умр инро нигоҳ медорам. Бори дигар Ҳолливуд ба ҷаҳон нишон дод, ки одамият - муҳимтар аз ҳама чиз аст ва дар назари офаридагор мо яксонем", - гуфт сароянда.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

What a wonderful day it was with friends in Hollywood.

Публикация от Andymadadian (@andymusic1)

Кӯи номдорони Ҳолливуд ба номи ҳунармандони филму телевизион, радио, театр ва мусиқии Амрико ва ҷаҳон беш аз 3600 ситора дорад.

Андӣ дар суҳбате бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки бо вуҷуди 41 соли зиндагӣ дур аз ватан дилаш барои зодгоҳаш танг мешавад.

"Хело шуд, ки Эрон нарафтаам. Ва дилам танг шудааст барои Эрон. Зиндагии мо дар Лос-Анҷелос хуб аст ва Амрико ба мо ин озодиро додааст, ки мусиқии форсӣ ва Эронро зинда нигаҳ дорем. Ва фарҳангамонро зинда нигаҳ дорем".

Андӣ Мададён овозхони машҳури Шарқ 15 апрели соли 1956 дар Теҳрон ба дунё омадааст. 

Фаъолияти ҳунарии худро соли 1980 дар ҳайати гурӯҳи Andy&Kouros оғоз карду соли 1992 яккасароиро пеша кард. 

Дар давоми фаъолияти худ Андӣ 15 албом сабт кардааст, ки қариб ҳар як суруди ӯ хит шудааст.

Мавзуъ

Кумири ду аср: Андӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ кард
Андӣ дар Маскав: таассуроти тамошобинон аз ҳунарнамоии овозхони эронӣ
Тоҷикон, узбакон, арманиву эрониҳо: консерти Андӣ, дӯстии халқҳо ё мусиқӣ сарҳад надорад
Рақс бикун ҷоно: навор аз консерти Андӣ дар Маскав
Андӣ: Дар Тоҷикистон ҳатто президент мусиқиро ташвиқ мекунад
Тоҷикистониёнро ба тамошои консерти Андӣ дар Самарқанд мебаранд
Андӣ Мададиён дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад
Андӣ: дар Амрико хушбахтам, аммо то ҳол дар ҳасрати Эрон мондаам

Мавзӯъҳои асосӣ