02:21 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29210

Нахуствазири Покистон ба Диҳлии Нав ҳушдор дод дар сурати идомаи ҳамла ба хати контроли Кашмир бо посухи Исломобод ру ба ру хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Имрон Хон гуфт, агар Ҳинд бихоҳад ба қатли оми мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд идома диҳад бояд посухгӯ бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба Тасним.

Раиси Ҳизби таҳрики инсофи Покистон (ҳизби ҳоким) бо баёни ин ки Кашмир хати қирмизи ин кишвар аст афзуд, Шурои амнияти Созмони Миллал бояд Ҳиндро мулзам ба риояти тавофуқномаҳои гузашта кунад, то аз ҳар гуна ҷанг пешгирӣ шавад.

Вай тасреҳ кард, давлати Диҳлии Нав дар талош аст як ҳамлаи террористии қалбакӣ тартиб дода ва сипас Покистонро масъули он муаррифӣ кунад.

Суханони Имрон Хон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки мардуми Кашмир аз 168 рӯзи пеш тавассути низомиёни ҳиндӣ дар хонаҳои худ ҳабс шудаанд ва бо мушкилоти бисёре ру ба ру ҳастанд.

Ҳинду Покистон борҳо бо ҳамла ба мавзеҳъҳои тарафайн аз ҷумла дар хатти контроли Кашмир, якдигарро ба ҳамла ва поймоли оташ бас муттаҳам мекунанд.

Барчаспҳо:
Имрон Хон, ҳушдор, Исломобод, ҳамла, Ҳинд, Покистон

Мавзӯъҳои асосӣ