09:14 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
561 0 0

Тибқи маълумоти пешакӣ ҳангоми сӯхтор дар як бинои чӯбин дар вилояти Томски Русия 11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия бар асари як сӯхтор дар деҳаи Причулимски минтақаи Асиновски вилояти Томски Русия  11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Таъкид шудааст, сӯхтор дар як бинои як ошёнагии чӯбин сар задааст. Занги телефонӣ дар бораи сӯхтор соати чаҳори субҳ ба вақти маҳаллӣ расид.

Хадамаотҳои наҷотдиҳандаи Русия дар ҷои ҳодиса ҷасади 11 нафарро пайдо кард. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ тавонистанд дар ин сӯхтор наҷот пайдо кунанд.  

Тибқи маълумоти мақомоти маҳалӣ, ин биноро ширкати чиноӣ ба иҷора гирифта буд ва дар он шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон ва Узбакистон зиндагӣ мекарданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар минтақаи перми Русия бар асари тахриб шудани лулаи оби гарм дар бинои меҳмонхонаи хурд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Барчаспҳо:
хориҷӣ, шаҳрвандон, Томск, Русия, ҳалокат, сӯхтор

Мавзӯъҳои асосӣ