Эрон расман эътироф намуд, ки ҳавопаймои украиниро бо ду мушак сарнагун кардаст

© AFP 2023 / Rohhollah Vadati / ISNAНа месте крушения саомлета в Иране
На месте крушения саомлета в Иране  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар тибқи гузориши дуввуми Созмони ҳавопаймоии Эрон, ҳавопаймои Боинги украинӣ бо ду мушаки Top-M1 сарнагун шудаст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора дар як санаде, ки дар вебсайти шӯъбаи Эрон нашр гардидааст, хабар дода шудааст. Маълум мешавад, ки мушакҳо аз самти шимол партоб шуданд ва ҳавопаймои мусофирбарро сарнагун карданд.

На месте крушения самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар Эрон мумкин аст бо ҷосусӣ муртабит бошад"

Пас аз зарбаи ду мушак, ҳавопаймо бо гузашти чанд сония дар ҳаво давр зада, дар наздикии боғи фароғатӣ ба "монеа" бархӯрд ва ба замин афтод. Зимнан, ҳавопаймо майдони футболро гузашта, пурра хароб шуд ва оташ гирифт.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳавопаймо аз Теҳрон соати 06:12 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ (05:42 бо вақти Маскав) ба ҳаво бархост ва иртибот бо он дар баландии тақрибан 2,4 ҳазор метр гум шуд.

Муроҷиати Зеленский ба шаҳрвандони Украина пас аз суқути ҳавопаймо дар Эрон

Аз экрани радарҳои дуюмдараҷа, ҳавопаймо 06:15 ва аз радарҳои аввалияи мушоҳида тақрибан соати 06:18 дақиқа нопадид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои  Boeing-737- и украинӣ  субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Спасатели на месте крушения самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо донишҷӯён буданд, ки дар таътил ба аёдати хешон рафтанд

Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир  ва Олмон буданд.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ аз кишвардори Украина Владимир Зеленский расман аз мардуми ин кишвар барои суқути ҳавопаймои Boeing-737  пӯзиш пурсид ва ба наздикони қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор  изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъдо додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ду фарзияи коршинос дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо дар Эрон

Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.

Лентаи хабарҳо
0