Аксари амрикоиҳо ҷонибдори онанд, ки Трамп аз маснад барканор шавад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар тибқи як назарсанҷие, ки агентии Рейтер ва ширкати Ipsos баргузор намуданд, маълум гардидааст, ки аксари шаҳрвандони Амрико ҷонибдори он ҳастанд, ки раисҷумҳур Доналд Трамп аз мақом барканор шавад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.Назарсанҷӣ муайян намуд, ки амрикоиҳо ба раисҷумҳури худ  Доналд Трамп эътимод надоранд,чун аксари онҳо аз барканор шудани ӯ аз маснади президентӣ раъй доданд.

Президент Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Мушовири дабири кулли СММ: Доналд Трамп бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрикост

Созмондиҳандагони назарпурсӣ агентии Рейтер ва ширкати Ipsos мебошанд. Онҳо муайян намуданд, ки теъдоди нафароне, ки аз барканории ӯ ҷонибдорӣ мекунанд, назар ба тарафдорони ӯ тақрибан якуним маротиба бештар ҳастанд.

Тибқи ин назарпурсӣ, 44 дарсади иштирокчиён ба муқобили Трамп раъй доданд ва хостори онанд, ки раисҷумҳур аз маснади ишғолкарда барканор шавад.

Дар Эрон барои каллаи Трамп се миллион доллар ваъда карданд

Танҳо 31 фисади амрикоиҳо аз Доналд Трамп ҷонибдорӣ намуданд ва изҳор доштанд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ бояд дур шавад.

Назарсанҷӣ аз 17 то 22 - юми январ дар сартосари Амрико доир гардид ва дар кори он аз 1108 то 1116 нафар иштирок карданд.

Зимнан, чанде қабл мушовири дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ гуфта буд, ки  Доналд Трамп фарди бесуботу хатарнок барои тамоми ҷаҳон ва ҳатто миллати Амрикост.

Шэрон Стоун Путинро таърифу Трампро танқид кард

Ҷеффри Сачз, дар як суҳбати телевизионӣ таъкид доштааст, ки  Доналд Трамп бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрико мебошад.

Лентаи хабарҳо
0