Заминларзаи шадид дар Туркия: 20 тан ҳалок шуданд - Навор

© REUTERS \ Antara Foto/Ahmad SubaidiРазрушения в результате землетрясения на острове Ломбок в Индонезии
Разрушения в результате землетрясения на острове Ломбок в Индонезии  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази заминларза дар ҳудуди шаҳри Сивриҷи музофоти Элязиғ будааст. Бино бар иттилои Агентии ҳолатҳои фавқуллодаи Туркия, дар ҷои ҳодиса аз 28 музофоти Туркия 493 гурӯҳи наҷотдиҳандагон кор мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.   Дар пайи заминларза дар музофотҳои шарқии Туркия - Малатия ва Элязиғ 20 тан ҳалок ва 1015 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Пештар мақомоти Туркия аз ҳалокати 19 тан ва ҷароҳати 772 нафар хабар дода буданд.

Заминларзаи шадиди 7-балла шоми 25 январ дар ду музофоти калони Туркия рух додааст. Бино бар иттилои Агентии ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар, дар ҷойи ҳодиса 493 гурӯҳ кор мебаранд.

Дар наворҳое, ки шоҳидон нашр кардаанд, ҷунбиши шадиди замин ва биноҳо, таҳлукаи сокинон дида мешавад.

Мақомоти кишвар, ба сокиноне, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудааст, 1689 хайма, 1656 кат ва дигар лавозимоти аввалиндараҷа дастрас кардаанд. Ширкатҳои мобилӣ дар ду музофот хизматрасони ройгон ҷор кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0