19:00 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
379 0 0

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии Эрон бо ишора ба лашкаркашии Амрико ба Афғонистон гуфт, пас аз ҳузури Амрико, тавлиди анвои маводи мухаддир дар Афғонистон 50 баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Аштарӣ, фармондеҳи нерӯҳои интизомии Эрон субҳи ахиран дар як нишасти раисони полиси мубориза бо маводи мухаддири нерӯи интизомии Эрон дар Теҳрон таъкид кард, Созмони Миллали Муттаҳид бояд дар хусуси таъсири Амрико дар афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон вокуниш нишон диҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии  Эрон бо баёни ин ки  700 тонна намудҳои маводи мухаддир дар 10 моҳи гузашта дар Эрон кашф шудааст тасреҳ кард, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 18 дарсад афзоиш доштааст.

Эрон то кунун ҳудуди 4 ҳазор шаҳид ва ҳазор захмӣ дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир тақдим кардааст.

Созмони Миллали Муттаҳид аз Эрон ба унвони парчамдори мубориза бо маводи мухаддир ном бурдааст.

Барчаспҳо:
афзоиш, Амрико, маводи мухаддир, Эрон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ