Коронавирус ба Русия расидааст

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду нафар гирифторони вируси тоҷдорро, ки шаҳрвандони Чин буданд, дар минтақаи Забайкал ва вилояти Тюмен пайдо кардаанд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар минтақаи Забайкал ва вилояти Тюмен ду ҳолати аввали гирифторӣ ба вирус сабт шудаанд.

Қайд карда мешавад, ки ҳарду бемор ҳам шаҳвандони Чин будаанд. Ба гуфтаи пизишкон, ҳолати онҳо хуб аст ва таб надоранд.

Русия феълан тамоми шаҳрвандонашро, ки дар шаҳри Ухан ва Хубэя қарор доранд, бармегардонад. Онҳо бояд то 4 феврал баргарданд.

Вазорати тандурустии Русия изҳор доштааст, ки барои овардани шаҳрвандони кишвар тамоми шароитҳои санитарӣ фароҳам оварда мешаванд.

Район Мургаб - ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Сарусадои зуҳури "коронавирус" дар Мурғоб ва шарҳи Ҳукумати ВМКБ
Феълан, дар ҷазираи Хайнани Чин наздики 2 ҳазору 665 сайёҳ аз Русия қарор доранд.

Ёдрас мешавем, пештар дар бораи сарусадои зуҳури "коронавирус" дар Мурғоб ва шарҳи Ҳукумати ВМКБ гузориш дода шуда буд.

 Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маълумоти шаҳрвандон ва сокинони вилоят мерасонад, ки овозаҳо оиди ба қайд гирифтани коронавируси 2019-n CoV дар ноҳияи Мурғоб бе асос арзёби менамояд.

Мақомоти ВМКБ, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба вазъи эпидемикӣ коронавируси 2019-n CoV дар Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин давлат, тавассути гузаргоҳи Қулма дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд.

Коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон шуд

"Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии (ННСК)-и “Қулма” айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и Қулмаи ноҳияи Мурғоб, 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4- воситаҳои фардии муҳофизатии вижа ва маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350-дастпӯшак, 70-респератор, 400-ниқоб, 2-хилъат, 12-пробирка барои гирифтани намуна барои ташхис дастрас гардонида шудаанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ба ҳукумат: пешгирии бемории “коронавирус” зери назорат гирифта шавад
Феълан дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда таҳти назорати табибон қарор доранд.

"То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории "коронавирус" пайдо нагардидааст", - қайд кардааст мақомот.
Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.

Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар нохия ситоди доимоамалкунанда фаъолият карда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0