00:42 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ, ба симати нахуствазири нави Ироқ ва маъмури ташкили давлати нави ин кишвар аз сӯи раисиҷумҳур, Барҳам Солеҳ, муаррифӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Баъд аз гузашти ду моҳ аз истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ, раисиҷуҳмури Ироқ дар ниҳоят бо машварати гуруҳҳои сиёсӣ ба буҳрони нахуствазирии ин кишвар поён дод ва Муҳаммад Тавфиқ Аловиро ба симати нахуствазирии ин кишвар мансуб кард, хабар додаст Парстудей.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ рӯзи шанбе дар паёми тасвирӣ дар Фейсбук бо қадрдонӣ аз Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳури Ироқ ваъда дод, ҳамаи талоши худро барои баргузории интихоботи зӯдҳангом ва ташкили давлати нав ба кор гирад.

Вазир: мақсади мақомот кӯдакони аз Ироқ баргардонидашударо ба роҳи дуруст ҳидоят намояд

Аловӣ аз соли 2003 ду давра намояндаи Маҷлиси Ироқ ва дар давлати Нурӣ Алмоликӣ низ вазири иртибототи Ироқ будаст.

Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири пешини Ироқ ахиран ба дунболи афзоиши эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз симати худ истеъфо дод.

Барчаспҳо:
таъин, нахуствазир, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ