Русия хориҷиёни гирифтори коронавирусро депорт мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРабочий визит премьер-министра РФ М. Мишустина в Казахстан
Рабочий визит премьер-министра РФ М. Мишустина в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як рӯзи ахир дар ҷаҳон дар пайи сирояти вируси тоҷдор 4 тан кушта шуданд ва шумораи умумии қубониён ба 361 нафар расид

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки минбаъд аз Русия метавонанд гирифторони коронавирусро депорт кунанд.

Сарвазир таъкид кард, ки дар Русия вируси тоҷдор ба феҳристи бемориҳои сирояткунандаи хавфнок ворид шудааст.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

Афзун бар ин, дар ҳудуди кишвар нақшаи миллии мубориза бо поҳншавии коронавирус амалӣ мешавад.

"Барои ҳамин, хориҷиёни гирифтори вирус аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд ва нисбати онҳо маҳдудиятҳои махсус ҷорӣ мешаванд", - афзуд Мишустин.

Раиси Ҳукумати Русия таъкид кард, ки кишвараш ба мубориза бо вируси тоҷдор омода аст ва дорувориву лавозимоти муҳофизатӣ фароҳам оварда шудаанд.

Коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Супориши Олимзода ба масъулин барои пешгирии "коронавирус": омодагиро пурзӯр кунед

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия низ нахустин гирифторони вирус ба қайд гирифта шуданд, ки ду тан шаҳрванди Чин мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон овозаҳои то ба Тоҷикистон расидани вируси хавфнокро рад карданд.

Лентаи хабарҳо
0