01:36 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
626 0 0

Шумораи мубталоёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар гирифтори ин беморӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Чин теъдоди қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" марзи 600 нафарро убур кардаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Ба иттилои Кумитаи давлатии беҳдошти Чин,  шумораи мубталоёни ин маризӣ ба 31 161 нафар расида, ҳамзамон 1540 нафар аз беморхона мураххас шуданд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ҳалокати 563 нафар ва 28 ҳазор нафар гирифторони "вируси тоҷдор" гузориш дода мешуд.

Кӯршабпарак маншаи эҳтимолии вируси тоҷдор эълом шуд

Зимнан, ҳукумати Чин рӯзи 31 - уми декабр ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

"Худо нишон надиҳад!" 15 ташхиси манфии "вируси тоҷдор" дар Тоҷикистон

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрванди Чин бо "вируси тоҷдор" ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал будаанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, ҳалокат, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ